Дастгирии лоиҳаи хонандагони тоҷик аз ҷониби олимони ҷаҳон
Душанбе, 17.06.16./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Амстердами Ҳолланд олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «Устувории муҳити атроф» аз фанни биология баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз 50 давлат иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар ин озмун Тоҷикистонро 3 хонанда аз Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ва 1 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода муаррифӣ карданд.
Моҳияти лоиҳаи пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик истифодаи самараноки поруи биологии ихроҷнамудаи кирми абрешим дар кишоварзӣ барои парвариши чорво ва зиёдгардонии маҳсулнокӣ дар шири онҳо буд. Лоиҳаи пешниҳодгашта муайян намуд, ки парвариши кирми абрешим на фақат барои коркард дар саноат, балки поруи биологии ихроҷнамудаи он низ барои таъмини ғизои чорво муфид аст. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола садҳо тонна поруи биологии ихроҷнамудаи кирми абрешим ҳамчун ашёи нолозим партофта мешавад.
Барои таҷриба панҷ сар гови ширдеҳ интихоб гардида, муддати ду рӯз ба онҳо сабӯс ва коҳ дода шуд. Пас аз ташхиси сифати шир муддати ду рӯзи дигар ғизои онҳоро бо истифода аз поруи биологии ихроҷнамудаи кирми абрешим ва коҳ иваз намуда, бори дигар маҳсулнокии сифати шири чорво дар се шакл: зичӣ, туршӣ ва равғаннокӣ ташхис шуд. Ташхис нишон дод, ки дар лоиҳаи таҳиягашта самаранокии зичӣ, туршӣ ва болоравии равғаннокӣ дар шири чорво ба миқдори 5% зиёд гардидааст. Дар натиҷа муайян гардид, ки поруи биологии ихроҷнамудаи кирми абрешим на танҳо барои сифатнокии шири гов, балки барои фарбеҳкунии чорво ва гарм нигоҳ доштани бадани онҳо дар фасли сармо низ фоидаовар аст.
Лоиҳаи пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик аз тарафи олимони ҷаҳон дастгирӣ ёфта, барои истифода дар соҳаи кишоварзии тамоми ҷаҳон тавсия дода шуд.
Фирдавс Содиқов ва Мавлон Асоев дар ин озмун сазовори медали биринҷӣ гардида, Парчами Тоҷикистонро дар байни 50 давлати дунё боло афрохтанд, ки ин боиси ифтихори мост.








Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






