Дастовези «Адиб» ба ҷашни Ваҳдат
Душанбе, 20.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ нашриёти «Адиб» ду китоби навро таҳти унвони «Таронаи истиқлол» ва «Пайғоми истиқлол» мунташир намуда, пешкаши хонандагон мегардонад
Ин асарҳо назмию насрӣ буда, бо 17 ҷузъи чопӣ ва теъдоди 1000 нусхаӣ нашр мегарданд ва дар онҳо осори адибони муосири тоҷик гирд оварда шудаанд.
Гурез Сафар, директори нашриёти «Адиб» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон ба ифтихори санаи барои мардуми тоҷик муқаддас ва таърихӣ -Рӯзи Ваҳдати миллӣ нашриёти «Адиб» як силсила асарҳои назмию насрии шоирону нависандагони тоҷикро чоп намуда, ба дасти хонандагон мерасонад.
Асарҳои Нависандагони халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиев «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Дар он дунё», инчунин ашъори тозаи шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор таҳти унвони «Офтоб дар соя» аз ҳамин қабиланд.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






