Дастовези «Адиб» ба ҷашни Ваҳдат

Июнь 20, 2016 11:03

Душанбе, 20.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ нашриёти «Адиб» ду китоби навро таҳти унвони «Таронаи истиқлол» ва «Пайғоми истиқлол» мунташир намуда, пешкаши хонандагон мегардонад
Ин асарҳо назмию насрӣ буда, бо 17 ҷузъи чопӣ ва теъдоди 1000 нусхаӣ нашр мегарданд ва дар онҳо осори адибони муосири тоҷик гирд оварда шудаанд.
Гурез Сафар, директори нашриёти «Адиб» дар суҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон ба ифтихори санаи барои мардуми тоҷик муқаддас ва таърихӣ -Рӯзи Ваҳдати миллӣ нашриёти «Адиб» як силсила асарҳои назмию насрии шоирону нависандагони тоҷикро чоп намуда, ба дасти хонандагон мерасонад.
Асарҳои Нависандагони халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ ва Фазлиддин Муҳаммадиев  «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Дар он дунё», инчунин ашъори тозаи шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсор  таҳти унвони  «Офтоб дар соя» аз ҳамин қабиланд.

Июнь 20, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид