Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: зиндагии арзандаву шоистаро барои мардуми кишвар фароҳам орем
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 июн дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи барномаи машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Мо роҳбарӣ меомӯзем» барои гирандагони стипендияҳои президентӣ, раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрии Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон бо иштирокдорони он доир гардид.
Қабл аз оғози вохӯрӣ ҷавонон аз шуъбаву бахшҳои мақомот дидан намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
Дар вохӯрӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷавононро барои аз имкониятҳои васеъ истифода бурдану баланд бардоштани савияи дониши хеш, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба воя расидан ва дар ободиву созандагиҳои Тоҷикистони азиз саҳм гузоштан даъват намуда, зикр кард, ки мо бояд шукргузор аз фазои сулҳу ороми Ватанамон буда, зери партави сиёсати хиратмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии арзандаву шоистаро барои мардуми кишвар фароҳам орем.
Раиси вилоят инчунин оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва маҷлиси вакилони халқ дар сатҳи маҳал ва коргузорию корбарӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти сиёсии давлату давлатдорӣ маълумот дод.
Байни Д. Гулмаҳмадзода ва иштирокдорони машварат суҳбати самимӣ доир гардида, ҷавонон ба суолҳои худ аз раиси вилоят посух гирифтанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






