Деҳаи Истиқлол деҳаи беҳтарин эътироф гардид

Июнь 13, 2016 10:58

Деваштич, 13.06.2016 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич озмуни «Деҳаи намунавӣ» дар доираи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид.
Байни даҳҳо деҳоти ноҳия деҳаи Истиқлоли  ҷамоати деҳоти Муҷун ҳамчун деҳаи беҳтарин эътироф гардид. Деҳаи Истиқлол беҳуда ҳамчун деҳаи намунавӣ эътироф нашудааст, зеро пас аз ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимии №20 дар соли 2009, сокинони деҳа бо ғайрату талоши афзун дар ободиву шукуфоии деҳа камари ҳиммат бастанд. Тавассути ҳашари халқӣ дар ин деҳа як маркази саломатӣ, роҳи Муҷун-Чорбоғ, чойхонаву дорухонаҳо ва марказҳои савдо ба истифода дода шуданд. Инчунин бинои мактаби нав иборат аз 9 синфхона барои 240 нафар сохта мешавад.
Ин аст, ки деҳаи Истиқлол дар байни 55 деҳаи ноҳия ҷойи намунавиро ишғол намуда, дар чорабинии тантанавии ҷамъбастӣ тамоми сокинони деҳа бо намоиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили сӯзанидӯзию қолинбофӣ, юрмадӯзию тарроҳӣ, кандакорию наққошӣ бори дигар ба иштирокдорон исбот намуданд, ки арзандаи ин мақом буда, ҷонибдору амаликунандаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Шеъру тарона ва сурудҳои халқӣ, ки Ватани озоду обод, зиндагии осудаю хуррамонаро тараннум мекарданд, бори дигар гувоҳи онанд, ки бошандагони ин деҳа аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва  иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шукргузоранд.

Июнь 13, 2016 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад