Донишҷӯёни тоҷик мавқеи Иттиҳоди Аврупоро нисбат ба ҲНИТ дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳкум карданд

Июнь 30, 2016 16:54

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз шабҳои рамазонӣ дар дили пойтахти Миср- Қоҳира донишҷӯёни тоҷик 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҷашн гирифтанд.
Ҳошимхони Абдураҳмонзода, узви Иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик гуфт: «Собиқадорони Иттиҳод Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ширкаткунандагони маҳфил табрик гуфта, аҳамияти сарнавиштсози ин рӯзро дар таърихи навини халқи тоҷик таъкид карданд. Зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ бо шарофати фидокориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор ва пойдор гардидааст.
Ҳамчунин Ҷовидони Ғаюрзода ҳозиринро бо таърихи таҳия ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон шинос намуда, аз амалҳои нопоки ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ба гуфти ӯ як гурӯҳи хурд мебошанд, изҳори нигаронӣ кард. Ғ.Ҷовидон зикр намуд, ки аъзои ҳизби наҳзат шарм надошта, дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз миллати тоҷик шикоят мекунанд, ҳол он ки шаҳрвандони тоҷик аз ин ҳизб кайҳо боз рӯй гардонидаанд, бахусус баъд аз ҳодисаҳои 4 сенябри соли 2015.
Ғ.Ҷовидон аз амалҳои Иттиҳоди Аврупо низ изҳори ҳайрат намуда, мавқеи ин созмонро нисбат ба ҲНИТ маҳкум намуд.
Дар навбати худ раиси Иттиҳоди донишӯёни тоҷик Қодири Давлат ҳозиринро ба ваҳдату якдилӣ ҳидоят намуда, онҳоро барои муттаҳид шудан дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо номи ӯ  пайванди ногусастанӣ дорад, даъват кард. Ӯ афзуд, ки имрӯзҳо баъзе шахсон ва гурӯҳҳои нотавонбин барои манфиатҳои шахсии худ мехоҳанд вазъиятро дар кишвар боз ноором кунанд ва дастовардҳои кишвар ва миллати моро, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шудаанд, зери суол баранд.
Қодири Давлат бо итминон зикр намуд, ки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ба ин гуна корҳои ношоиста даст нахоҳанд зад, фирефтаи дасисаҳои аъзои ҲНИТ нахоҳанд шуд ва тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои ҳифзи обрӯву эътибори миллат ва кишвари мо дар Миср сарф хоҳанд кард.

Маҳмуд Саъд Диёб,
рӯзноманигори «Ал-Аҳром»
узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Миср,
сармуҳаррири торнамои «Шабоби Нил»

Июнь 30, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад