Ду паҳлавони дзюдои Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтанд

Июнь 6, 2016 13:59

Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавонони шинохтаи риштаи дзюдои Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд.
Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF)  дар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ Комроншоҳи Устопириёнро аз шумори 278 дзюдочии ҷаҳон, ки  бо касби 1292 имтиёз  дар зинаи 11-ум қарор дорад,   ба таври мустақим ба қатори иштирокдорони рақобатҳои вазни 90 кг ба  Бозиҳои олимпии Рио-2016 роҳ дод.
Дар ин вазн бо паҳлавони тоҷик Комроншоҳ-Машу Бакери ҷопонӣ(2496 имтиёз дар мақоми аввал), Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ (2340 имтиёз дар мақоми дувум), Варлам Липартелиани аз Гурҷистон( 2192 имтиёз дар мақоми севум), ки аз ҷумлаи беҳтаринҳо маҳсуб мешаванд, вориди майдони дзюдои бозиҳои олимпӣ мешаванд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дуввумин паҳлавони дзюдои Тоҷикистон бо квотаи қитъавӣ ҳаққи ширкатро дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯ дар раддабандии охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст.
Дар ин вазн Тедди Ринер аз Фаронса бо 3150 имтиёз дар мақоми аввал, Ҳисаёшӣ Ҳарасава аз Ҷопон бо 2580 имтиёз дар зинаи дувум ва Якив Ҳаммо аз Укроин бо 1978 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.
Дар Олимпиадаи Рио-2016 дар риштаи дзюдо аз Ҷопон, Бразилия ва Фаронса  14-нафарӣ  ва аз кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷуз ду нафар аз Тоҷикистон, аз Русия 11 нафар (7 мард ва 4 зан), Гурҷистон — 8 нафар (7 мард ва 1 квота), Узбекистон — 8 нафар (6 мард ва 2 квота), Украина — 7 нафар (3 мард, 3 зан ва 1 квота), Озарбойҷон — 7 нафар (4 мард, 2 зан ва 1 квота), Қазоқистон — 5 нафар (3 мард, 1 зан ва 1 квота), Беларус — 3 нафар (1 мард, 1 зан ва 1 квота), Қирғизистон — 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Туркманистон — 2 нафар (1 зан ва 1 квота), Латвия — 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Арманистон — 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Эстония — 1 нафар (квота), Молдова — 1 нафар (квота) ва Литва — 1 нафар (квота) дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок мекунанд.
Миёни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст ва акнун ин шумора ба се нафар баробар шуд.

Июнь 6, 2016 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?