Э. Раҳмон: «Дар ноҳияи Ванҷ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва оқилонаву самаранок истифода бурдани заминҳои мавҷуда имкониятҳо хеле зиёданд»

Июнь 25, 2016 09:35

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Соли 2015 кишоварзони ноҳияи Ванҷ ба маблағи 154 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2000-ум 136 миллион сомонӣ зиёд мебошад»-, зикр намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ.
Ба маълумоти Президенти кишвар тӯли солҳои истиқлолият заминҳои кишти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ванҷ беш аз 3 баробар васеъ гардида, 260 гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулот бамаротиб афзоиш ёфтааст. Ба андешаи Роҳбари давлат дар ин ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ тавассути беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ ва оқилонаву самаранок истифода бурдани заминҳои мавҷуда имкониятҳо хеле зиёданд.
Аз ҷумла, ба сокинони водии Язғулом таъкид шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, яъне шароити беҳтарини табиӣ ва захираҳои фаровони об метавонанд дар доманакӯҳҳо ва талу теппаҳо боғҳои нави мева, аз ҷумла, меваи содиротӣ бунёд намоянд, ки ин, албатта, ҷойи корӣ ва воситаи хуби баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ мебошад.
Роҳбари давлат зимни суханрониашон яке аз мушкилоти асосии деҳоти Язғуломро дар азхудкунии заминҳои бекорхобида дар майдони 200 гектар ва таъмири иншооти обрасонии деҳаҳои Вишхарв ва Андарбак иброз намуд.
Пешвои миллат бо мақсади ҳалли масъалаҳои зикршуда ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо роҳбарону мутахассисони ноҳия супориш дод, ки барномаи азхудкунии заминҳои водии Язғуломро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Июнь 25, 2016 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд