Файзобод: Марҳилаи якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамъбаст гардид

Июнь 6, 2016 14:20

Файзобод, 6.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавиро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор намуд. Дар доираи баргузории чорабинии мазкур ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, деҳаю ташкилотҳо ва оилаҳою корхонаҳо вазифадор карда шудаанд, ки ба эҳёву рушди анъанаҳои миллӣ, ободу зебо намудани маҳаллаҳои аҳолинишин, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд.
Марҳилаи якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷамъбаст гардид ва ба комиссияи ноҳиявӣ 9 деҳаи беҳтарин, 9 хонаи беҳтарин, 9 оилаи намунавӣ пешниҳод карда шуд.

Июнь 6, 2016 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид