Фаъолият ва салоҳияти Суди Олии ҷумҳурӣ васеъ гардонида мешавад

Июнь 22, 2016 14:33

Душанбе, 22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Тибқи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти ваколати  раиси Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ гардонида мешавад.
Шермуҳаммад Шоҳиён-раиси Суди Олии кишвар  22 июн дар Парлумони мамлакат зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни макур гуфт, ки дар доираи  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар барҳам додани Шӯрои адлия ваколатҳои  ин сохтор нисбат ба судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ бошад ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда мешавад. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба муқаррароти Конститутсия таҳия шудааст. Қонуни конститутсионии мазкур тамоми масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ ва ташкили фаъолияти бонизоми ин шохаи ҳокимияти давлатиро фарогир аст.
Тибқи  тағйиру иловаҳо ба ин қонун минбаъд ба вазифаи судя шаҳрванде таъйин ё интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Шахсоне, ки шаҳрвандии дигар давлатро доранд, наметавонанд  ба ин вазифаи пурмасъул таъйин ё интихоб шаванд. Инчунин соҳиб шудан ба шаҳрвандии дигар давлат ва қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои аз вазифа озод намудани судя мешавад.
Инчунин тибқи тағйирот ба ин қонун синну соли ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият кардан барои занон 58 ва барои мардон то  63  пешбинӣ шудааст.  Ҳадафаш роҳ кушодан ба ҳуқуқшиносони ҷавон ба мақомоти гуногуни давлатист,- таъкид кард Шоҳиён.
Ҳамзамон Шермуҳамад Шоҳиён зикр намуд, ки тибқи ин тағйирот фаъолият ва салоҳияти  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ гардонида шуда, он  на танҳо мақоми назоратӣ нисбат ба баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ аст,  балки барои ташкили кори судҳои вилоятӣ, шаҳрӣ- ноҳиявӣ,  ҳарбӣ,  таъминоти моддию техникии судҳо, интихоб ва тайёр намудани  номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо,  масъалаҳои вобаста ба таъйин ва озод намудани судяҳо, ташкили имтиҳони тахассусӣ  ва иҷрои дигар ваколатҳоро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ  намудааст,  масъул мебошад.
Инчунин дар асоси  ин лоиҳаи қонун ҳайати Суди Олӣ мушаххас карда шуда,  шумораи судяҳои Суди Олии кишварро Президенти ҷумҳурӣ муқаррар менамояд. Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба шумора ва ҳайати раёсати Суди Олӣ ва шунидани ҳисобот ба салоҳияти  пленуми Суди Олӣ гузаронида шуда, дар радифи се коллегияи тахассусӣ боз чунин як коллегия таъсис дода мешавад
Дар маҷмӯъ, ворид намуани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили сохтории он, тартиби нави интихоб ва таъйини судяҳо,  баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо,  рушди  мустақилияти судӣ, ислоҳоти судию ҳуқуқӣ   дар кишвар нигаронида шудааст.

Июнь 22, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад