Фарҳод Раҳимӣ бо олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир мулоқот намуд

Июнь 9, 2016 14:34

Хоруғ, 9.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба мақсади ширкат дар конфронси  «Нақши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ», ки  10 июн баргузор мегардад, ба шаҳри Хоруғ омад. Зимни ин сафар президенти Академияи улуми ҷумҳурӣ бо олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ва ДДХ вохӯрд. Зимни мулоқот Ф.Раҳимӣ иброз намуд, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофию иқлимии ин минтақаи кӯҳистон парвариш ва нашъунамои навъҳои гуногуни рустанию набототро мутобиқ ба талаботи илми муосир роҳандозӣ намуда, дар ин самт корҳои тадқиқотиро вусъат бахшидан зарур аст.
«Ниҳодҳои илмии ҷумҳурӣ қасд доранд, ки Пажӯҳишҳои бостоншиносию геологӣ ва соҳаи зироаткориро дар қаламрави вилоят тавсеа бахшанд. Ташкили омӯзиш оид ба кишти зироат дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, насби таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ  тавассути боду нурҳои  офтоб, ташкили эксепедитсияи  иктишофию ҷустуҷӯӣ дар шарқи вилоят, омӯзиши ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Қалъаи Қаҳқаҳа, Зангибор ва Абрешим  аз корҳои асосӣ дар солҳои наздик ба шумор мераванд»,- илова намуд Ф.Раҳимӣ.

Июнь 9, 2016 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад