Фарди солим аз насли солим аст

Июнь 21, 2016 14:52

Конибодом, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли фарди солим дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Фардҳои руҳану ҷисман солимро тарбия мекунем» маҳфил баргузор гардид.
Донишҷӯёни коллеҷ бо барномаи ҷолиб баромад намуда, перомуни бемориҳои гуногун, аз ҷумла ВНМО (ВИЧ/СПИД), нашъамандӣ, сил, инчунин оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, пешгирии онҳо ва оид ба тарзи ҳаёти солим сухан гуфтанд.
Баъдан донишҷӯёни коллеҷ бо қироати суруду иҷрои рақсҳои ҷаззоб, саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз нигоҳи илмӣ исбот намуда тавонистанд, ки бо таъсири ханда, шунидани оҳангҳои дилнишин, истироҳати бофароғат дар оғӯши табиат ва мутолиа низ бемориҳоро муолиҷа намудан мумкин аст. Баромадкунандагон тавассути баромадҳои рангин ба тамошобинон ёдрас намуданд, ки ба ҷомеа фарди солим зарур аст ва солимии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Тавлиди фардҳои солим  танҳо аз наслҳои солим вобаста аст.
Аз ин рӯ, кӯшиш бар он бояд кард, ки солимии миллат таъмин гардад. Дар баробари ин, дар ҳифзи солимии ҷомеа на танҳо табибон, балки тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла тарбиятдиҳандагон низ масъуланд, зеро маънавиёти ҷомеа аз муаллим вобастагӣ дорад.

Июнь 21, 2016 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд