Фаррух Амонатов аз грандҳои шоҳмоти АвруОсиё пеш гузашт

Июнь 20, 2016 12:12

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон  мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё бо ширкати беш аз 100 шоҳмотбози номӣ багузор гардид, ки дар он Фаррух Амонатов, шоҳмотбози шӯҳратёри тоҷик ғолиб омада, соҳиби 30000 доллари амрикоӣ гардид.
Силсилаи рақобатҳо, ки аз рӯи низоми швейтсарӣ сурат гирифт,  барои грандҳои шоҳмоти АвруОсиё фоҷиабор омад. Дар 22 давр сараввал Шаҳриёр Мамадёров аз Озарбойҷон пешсафиро ихтиёр кард, аммо ду бохти ӯ дар даврҳои минбаъда Баҳодур Ҷабаваро ба сафи пеш баровард. Рақобати ин шоҳмотбоз бо Ян Непомняший мусовӣ ҷамъбаст шуд ва он ба Фаррух Амонатов имкон дод, ки баъди ғалабаи сазовораш бар Шаҳриёр Мамадёров шумораи имтиёзҳояшро бо Ян Непомняший баробар намояд. Аз сабаби он ки ғалабаи Фаррух Амонатов бештар аз Ян Непомняший буд, ӯро ғолиби мусобиқа эълон карданд. Фаррух ҳамагӣ ду вохӯриро мусовӣ анҷом дода, дар 20 бозӣ ғолиб омад.
Дар соли равон ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ мебошад. Қаблан Фаррух Амонатов дар шаҳри Тошканд ба мақоми аввал даст ёфта буд.
Фаррух Амонатов зодаи шаҳри Душанбе буда, 13 апрели соли 1978 ба дунё омадаст. Аз шашсолагӣ меҳри шоҳмот ба дилаш ҷой гирифт ва пайваста ба он машғул шуд. Мактаби миёнаи рақами 20-и шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскавро хатм кард. Дар 7 олимпиада шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кардааст.
Ӯ ягона  гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон мебошад. Фаррух Амонатов дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад ва ба қатори мураббиёни дастаи мунтахаби Русия оид ба шоҳмот шомил аст.

Июнь 20, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид