Форуми байналмилалӣ: «Сохтмонҳои инноватсионӣ ва рушди инфрасохтор»
Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин 7-умин Форуми байналмилалӣ оид ба сармоягузории инфрасохтор ва сохтмон дар мавзӯи Сохтмонҳои инноватсионӣ ва рушди инфрасохтор баргузор гардид, ки дар он вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ширкат варзид.
Дар Форум котиби масъули Мақомоти иҷроияи шаҳри Макао оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ Леонг Вай Так, раиси «Ассотсиатсияи Байналмилалии пудратчиёни Чин» Фанг Чиучен, роҳбари «Пажӯҳишгоҳи тиҷорат ва рушди сармоягузории шаҳри Макао» Ҷексон Чанг сухан гуфтанд.
Дар кори форум вазирон ва муовинони вазирони нақлиёт ва роҳи кишварҳои Эрон, Покистон, Британияи Кабир, Латвия, Босния ва Герсоговина, Хорватия, Индонезия, Малайзия, кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Африқо, намояндагони Бонки рушди Чин, Бонки Чин, Бонки байниамрикоии рушд, Бонки содироту воридоти Чин, Бонки содироту воридоти Африқо, Бонки исломии Рушд, намояндагони ширкатҳои пудратӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, энергетика, мелиоратсия, илм, техника ва технология, намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи техника ва таҷҳизоти сохтмони роҳ «Катерпиллар», «Люгонг» ва «Волво» иштирок намуданд. Дар доираи форум инчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони чинӣ ва фаъолияти ширкатҳои сохтмонии пудратии ин кишвар баргузор гардид.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласа дар мавзӯи «Пешниҳоди нақшаҳо ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар доираи Барномаи «Як камарбанд ва як роҳ» доир ба ҳамкории мавҷуда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахши сармоягузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Чин ва дигар шарикони рушд, инчунин иштироки ширкатҳои сохтмонии пудратии чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур сухан гуфт.
Вазири нақлиёт доир ба гузариши Роҳи Бузурги Абрешим дар давраҳои қадим аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза ва зарурати эҳёи он, ки яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи «Як камарбанд ва як роҳ» мебошад, ҳарф зад.
Ҳамчунин перомуни корҳои омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони роҳи оҳани Чин, Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Қулма (сарҳади Чин), дар қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма иттилоъ дода, шарикони рушд ва ширкатҳои сохтмонии пудратиро барои сармоягузории лоиҳаҳои мазкур ва иштирок дар татбиқи амалии онҳо даъват намуд. Вазир ҳамзамон дар доираи сафари мазкур бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонии пудратии Чин, ки дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, мулоқот баргузор кард.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






