Франческо Тотти дар 40-солагиаш ҳам футболбози тими «Рома» боқӣ мемонад

Июнь 9, 2016 10:28

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Яке аз ситораҳои футболи Италия ва ифтихори  бошишгоҳи «Рома» Франческо Тотти шартномаи ҳамкориашро бо ин бошишгоҳи футболи шаҳри Рим боз то як мавсими дигар тамдид кардааст. Дар ин бора бошишгоҳи «Рома» расман иттилоъ додааст. Акнун ин футболбози итолиёвӣ дар 40-солагиаш ҳам футболбози тими «Рома» боқӣ мемонад.«Ман аз аввал мехостам, ки фаъолияти варзишии касбиямро дар ҳамин даста ҷамъбаст намоям ва акнун ба ман муяссар гардид, ки танҳо шарафи як дастаро ҳимоя кунам»,- гуфтааст Франческо Тоти.
Ӯ соли 1989 дар 12- солагиаш ба сохтори футболи «Рома»   омадааст ва соли 1993 дар синни 16  дар ҳайати асосии «Рома» аввалин  бозӣ анҷом додааст. Рӯзи 27 сентябри соли равон ин футболбоз 40- сола мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Франческо Тотти  25 мавсим аст, ки танҳо шарафи як дастаро ҳимоя мекунад.  Дар мавсими гузашта ин футболбоз дар тими «Рома» 15 бозӣ гузаронида, ба задани панҷ гол даст ёфтааст. Дар маҷмӯъ,  ӯ дар ҳайати «Рома» 758 бозӣ гузаронида, ба задани 304 гол мушарраф  шудааст.

Июнь 9, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад