Футбол оммавӣ мешавад

Июнь 6, 2016 11:40

Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи ҷашнҳои фархунда- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футболи хурд байни сокинони маҳаллаи 83-юми ноҳияи Сино баргузор гардид.
Барои иштирок дар ин чорабинӣ масъулини тадбири мазкур 12 даста таъсис дода, мувофиқи реҷа барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам мубориза бурданд. Бозиҳо дар майдончаҳои назди биноҳои баландошёна сурат гирифта, давоми як моҳ идома карданд. Дар ин сабқатҳо бозингарони гуногунсинн имкони иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи футболи хурд бо ташаббуси сокинони фаъоли маҳаллаи 83-юми ноҳияи Сино соли дуюм аст, ки роҳандозӣ карда мешавад. Тимҳои иштирокдори сабқат бадоҳатан бо номҳои гуногун дар ин мусобиқа баромад намуданд.
Аз ҷумла, дастаҳое, ки то ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд, яке «Челси» ва  дигаре «Интер» ном доштанд. Вақти асосии бозии ниҳоӣ ғолибро муайян карда натавонист, зеро футболбозон аз худ маҳорати хуб нишон дода, ҳеҷ кадоме аз онҳо таслим шуданӣ набуд.
Довар силсилаи зарбаҳои маъмулӣ таъйин намуд. Дар ин давр  футболбозони ҳаваскори дастаи «Челси» маҳорати баландтар нишон дода, барандаи ҷоми мусобиқа шуданд.
Ба дастаҳои ғолиб аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва чанд тан аз сокинони фаъоли ноҳия медалу ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба дастаи Челси Ҷоми асосии мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Июнь 6, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст