Хатлон: Тадбирҳо дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ

Июнь 28, 2016 10:41

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолии бе шуғл аз самтҳои асосии сиёсати давлат дар беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва ноил гардидан ба пешрафту тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию тахлилии дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон иттилоъ доданд, бо ин мақсад дар вилояти Хатлон дар давоми се моҳи аввали соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 16 ҳазору 702 ҷойи кории нав ва барқароршудаи корӣ ба истифода дода шуданд, ки 34 дарсади нақшаи солонаи барномавиро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар  ин давра аз ҳисоби корхонаҳои бахши давлатӣ 1350 ҷой, бахши коллективӣ 716 ҷой, дар корхонаю ташкилотҳои шакли моликияташон  гуногун 6009 ҷой ва дар бахши хусусӣ  8627 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтаанд.
Аз шумораи  умумии ҷойҳои таъсисгардида 3 ҳазору 321 ададашон ҷойҳои кории доимӣ, 6 ҳазору 988 ададашон ҷойҳои кории мавсимӣ ва 6 ҳазору 393 ададашон ҷойҳои кории муваққатӣ мебошанд. Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти Агентӣ то ин давра 195 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст,- зикр кард манбаъ.

Июнь 28, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд