Хоруғ: Базми ваҳдату ҳамгироӣ дар Боғи фароғатию фарҳангӣ
Хоруғ, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо ширкати беҳтарин раққосону овозхонҳои кишвар консерти бошукӯҳ баргузор гардид. Мудири бахши фарҳанги шаҳр Шуҳрат Давлатов гуфт, ки аз имрӯз сар карда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят базми шеъру тарона, дӯстию рафоқат оғоз ёфт ва то он рӯзи 2 июн идома меёбад. Дар консерт ҳунармандони маъруфи кишвар Нигина Амонқулова, Нобовар Чиноров, Таҳмина Ниёзова, Фотима Машрабова, Муҳаммадрофеи Кароматулло, Ақназар Ҳаловат, Соҳиба Давлатшоева, ансамбли тарона ва рақси «Лола» ва «Дарё» ширкат варзиданд.
Мухлисон ҳамеша ин сарояндагони дӯстдоштаи худро аз оилаи нилгун тамошо мекунанд ва имрӯз бори аввал онҳоро аз наздик диданд. Орзу мекунем, ки мудом дар кишвари мо чунин шодию тараб танинандоз ва дар ҳар хонаводаи тоҷик мудом оромию осудагӣ ҳукмрон бошад.
Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз рӯзи 21 июн оғоз ёфтанд ва дар рӯзи 27 июн бо баргузории барномаи адабию мусиқӣ бо ширкати Пешвои миллат ба поён мерасанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






