Хуҷанд: Дастаи «Далерон» ғолиби озмуни «Калидчаи заррин» гардид
Душанбе, 29.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар кӯдакистони №9-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Калидчаи заррин» баргузор гардид.
Озмун бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебоипарастӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, маҳорати эҷодӣ, инкишоф додани кори ташвиқотиву тарғиботӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб арзёбӣ гардид.
48 нафар тарбиятгирандагон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,9,18 ва 33 бо номи дастаҳои «01», «Сипар», «Далерон» ва «Ҷасур» аз рӯи шартҳои саломномаи дастаҳо, эстафета байни дастаҳо «Кӣ сӯхторро тезтар хомӯш мекунад?», саҳнача дар мавзӯи «Оташ дӯст ва душмани инсон», саволу ҷавоб тавассути тестҳо ва суруди умумӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон дастаи «Далерон» аз муассисаи таҳсилоти томактабии №18-ро ғолиби озмун эълон кард. Дар ҷамъбаст ба ғолибон ва иштирокдорони озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ намояндагони Хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд иштирок карда, ба ҳунару истеъдоди кӯдакон баҳои баланд доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






