Хуршед Каримзода: «Гумрук зодаи Истиқлол аст»

Июнь 28, 2016 14:45

«Гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулода дорад ва гузашта аз ин дарвозаи  ҳар кишвар аст, зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои   гуногуни фаъолияти давлат,  балки бехатариии иқтисодӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 28.06.2016/АМИТ «Ховар»/. «Гумрук зодаи истиқлол буда,  нахустин Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи таърихии  16-уми Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст»,-гуфт Хуршед Каримзода, муовини аввали  сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни конфронси  илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар мавзӯи  «Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар Душанбе доир гардид. Хуршед Каримзода зикр кард, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди  Шӯравӣ  танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи поёнро ба мерос гирифта  буд ва маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориву таваҷҷуҳи хоссаи   Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба як сохтори мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети давлат мубаддал гардида, имрӯз тавассути мақомоти гумрук сиёсати гумрукии давлат  амалӣ карда мешавад. Таъкид  шуд, ки алҳол Тоҷикистон бо зиёда аз сад кишвари ҷаҳон  муносибатҳои  тиҷоратиро ба роҳ мондааст.  Бо дахли узвияти кишвармон ба созмонҳои бонуфузи  гумрукӣ таъкид гардид, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  шурӯъ аз соли 1997 узви Созмони  ҷаҳонии  гумрук буда, узвият ба ин созмони  муътабар кишвари моро  водор месозад, ки фаъолияти гумрукро бо назардошти принсипҳои эътирофшудаи байналмилалӣ роҳандозӣ намояд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки соли 2010 ҷиҳати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии  рсамиёти гумрукӣ, ки  ҳамчун Конвенсияи Киото маъруф аст, аз 18 майи соли 1973, ки  моҳи июни соли 1999 дар Брюссел дар таҳрири  нав қабул гардидааст, лоиҳаи  санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор  таҳия ва пешниҳод гардида, он аз ҷониби Парлумони кишвар моҳи октябри соли 2015 тасдиқ карда шуд. Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото  дар самти бартараф намудани  монеаҳои беруна дар муносибатҳои  тиҷоратию иқтисодии кишвар бо давлатҳои  хориҷӣ, рушди тиҷорати хориҷӣ    ва беҳдошти фазои соҳибкорӣ  дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки  дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ низоми  иттилоотии мақомоти  гумруки кишвар бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия гардида, паҳлуҳои мухталифи фаъолияти гумрукӣ, бахусус тамоми   расмиёту низомҳои гумрукиро  фарогир буда, ба талаботи  муосири соҳаи гумрук ҷавобгӯст. Алҳол системаи  иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи мақомоти гумрук дар марҳилаи  татбиқ қарор дошта, барои ҷилавгирӣ аз монеаҳои  иловагии маъмурӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат   Корхонаи воҳиди давлатии « Маркази равзанаи ягона» тасис дода шудааст, ки он имкон медиҳад ҳамгироии минбаъдаи  низоми «Равзанаи ягона» бо низоми   иттилоотии автоматонидашудаи  ягонаи мақомоти  гумрук  таъмин гардад. Дар конфронс ҳамзамон Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ  ва рушди давлатдории навини Тоҷикистон», Ҷамшед Абдуқодирзода-  сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ оид ба масъалаҳои консептуалии  рушди мақомоти гумруки  кишвар, М. Абдуллоев- муовини сардори  Донишкадаи такмили ихтисоси  Хадамоти гумрук  доир ба саҳми  мақомотии гумрук  дар муқовимат бо хатарҳои  ҷаҳонӣ ибрози назар карданд.
Бояд тазаккур дод, ки конфронси мазкур ба   ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Хадамоти гумрук гузаронида шуда, ҳадафаш арзёбии паҳлӯҳои гуногуни рушди мақомоти гумруки кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар конфронс дар радифи кормандони масъули Хадамоти гумрук, инчунин намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок намуда, дар мавзӯъҳои пешгирӣ ва мубориза  бо коррупсия-омили муҳими  паст намудани   сатҳи коррупсия дар   ҷумҳурӣ, пешгирии ҷиноятҳои мансабӣ дар байни  кормандони мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ,  ташаккул ва  рушди мақомоти гумрук, истифодаи технологияҳои  муосир дар фаъолияти  гумрукӣ, Тоҷикистон дар роҳи муқовимат бо таҳдидҳои  маводи нашъаовар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, такмили  асосҳои ҳуқуқии байналмилалии  фаъолияти гумрукӣ, амнияти  озуқаворӣ ва проблемаҳои нуфуси  аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди фаъолияти  экспертӣ дар мақомоти гумрук, мубодилаи  ахбор дар доираи ҳамкории  байналмилалии мақомоти гумрук ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи  гумрук дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд.

Июнь 28, 2016 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд