Иҷозатномаҳои дар хориҷа гирифташуда бояд тасдиқ карда шаванд
Душанбе, 10.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Ба моддаи 18-и қисми 3-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон тағйиру илова ворид карда шуд. Тибқи ин тағийрот иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тасдиқ, яъне легализатсия карда шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад.
Инчунин ҳадафи дигари ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи ин қонун, мутобиқ гардонидани он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






