Иди нав: 29 сентябр Рӯзи дипломатҳо
Душанбе, 22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар феҳристи иду ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иди дигар зам гардид. 22 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд. Тибқи он минбаъд ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сентябр Рӯзи хизматчиёни дипломатӣ бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад. Дар санаи 29 сентябр таҷлил намудани Рӯзи дипломатҳо барои мардуми тоҷик ҳамчун санаи таърихӣ арзёбӣ мегардад, зеро 23 сол муқаддам, аниқтараш 29 сентябри соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид баромад намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба оламиён муаррифӣ намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






