Ифтитоҳи иншооти аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон — Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”

Июнь 8, 2016 11:36

Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд.

Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шудааст. Расадхона аз соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст.

Расадхонаи Санглох дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси Олмон оварда шуда, дар расадхона насб гардидааст. Телескоп обектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад. Сифати аксҳои ин телескоп тақрибан ба нишондодҳои телескопи қутраш 2 метра наздик мебошад. Чунончи соли 1985 дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Ҳаллей ба Офтоб, аксҳои нахустини расадхонаи Санглох бо ёрии телескопи қутраш 1 метра гирифта шуданд, дар ҳоле, ки ин аксҳоро бо ёрии телескопи қутраш 6 метра дарёфт карда натавониста буданд. Дар он лаҳза равшаннокии комета ба 22 қутри ситорагӣ баробар буд.

Барои барқарор кардани расадхонаи Санглох ва дастрас намудуни таҷҳизоти зарурӣ қариб 1 миллион сомонӣ сарф шуд. Акнун дар ин расадхона 30 нафар олим ба таври доимӣ фаъолият мекунанд.

Расадхона аз шаш ошёна иборат буда, дар утоқҳои кории он мутахассисон ба омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ машғуланд. Баъди барқарор кардан ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити фаъолияти расадхона таъкид дошт, ки марказ барои тарбияи кадрҳои ҷавон пойгоҳи хубе хоҳад буд. Ба кормандони Институти астрофизика дастур дода шуд, ки бо олимони кишварҳои пешрафта ҳамкорӣ намоянд, то ин ки мактаби астрономии Тоҷикистон тақвият ёбад.

Ҳоло дар Институти астрофизика 3 расадхона — расадхонаи Ҳисор дар баландии 730 метр, Расадхонаи “Санглох” дар ноҳияи Данғара дар баландии 2300 метр ва Расадхонаи “Помир” дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар баландии 4350 метр фаъолият дорад.

Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ саҳми институтро дар рушди илми астрономия хеле баланд арзёбӣ намуда, 7 сайёраи хурдро ба номи олимони шинохтаи тоҷик ва 2 сайёраи дигарро “Тоҷикистон” ва “Расадхонаи Ҳисор” номгузорӣ кард.

Дар таърихи 14 ноябри соли 2014 дар Агентии кайҳонии Аврупо дар давлати Олмон як воқеаи фараҳбахше мавриди таваҷҷӯҳи олимони ҷаҳон қарор гирифт: дастгоҳи кайҳонии “Розетта”, ки дар сатҳи кометаи Чурумов-Герасименко қарор дорад, ба таҳқиқи амиқи ин комета оғоз кард. Ифтихори олимони тоҷик аст, ки ин кометаро бори нахуст 29 сентябри соли 1969 олими Тоҷикистон, корманди илмии Институти астрофизикаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Светлана Герасименко кашф намудааст. Герасименко ба Олмон даъват шуда, таҳқиқи сатҳи кометаи кашфнамудаи худро мушоҳида намуд. Ин кометаро омӯхта, олимон ба бисёр масъалаҳои алоқаманд ба пайдоиши ҷисмҳои низоми Офтоб, аз ҷумла пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин ҷавоб хоҳанд ёфт.

Баъди шиносоии пурра бо Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Институти астрофизика мулоқоти судманд анҷом дода, дар бораи дастовардҳои олимони тоҷик андешаронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳёи иншооти муҳимро, ки дар пешрафти соҳаи кайҳоншиносӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи олам саҳм мегузорад, ба ҳозирин муборакбод гуфт.

Як зумра кормандони соҳа ва олимони ҷавон зимни баромади худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзишманд изҳори сипос карданд.

Июнь 8, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд
Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд