Ифтитоҳи Корхонаи металлҳои рангаи ҶДММ «Покрӯд»
Душанбе, 04.06.2016, /АМИТ «Ховар»/ Дар ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покрӯдро ифтитоҳ намуд.
Ин корхонаи калони саноатӣ бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи саноати миллии кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абуалӣ Исматов бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд шудааст. Коргоҳ идомаи хати истеҳсолии корхонаи ғанигардонии маъдани Покрӯд, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз соли 2014 оғоз гардида буд. Дар марҳилаи аввал дар корхона дар як шабонарӯз 65 ва дар як сол 21 450 тонна консентрати флотатсионӣ коркард мешавад. Баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм иқтидори коркарди маъдан ба 130 тонна дар як шабонарӯз ва дар як сол ба 42 900 тонна мерасад. Пас аз коркарди пурраи маъдан дар корхонаи металлҳои ранга тиллои тоза истеҳсол карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал дар корхонаи металҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покрӯд дар як сол 1300 кило ва дар марҳилаи дуюм беш аз 2000 кило тиллои холис истеҳсол карда мешавад.
Дар ҳолати бо иқтидори пурра фаъолият кардани коргоҳ шумораи коргарон низ афзун мегардад. Айни ҳол дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Покрӯд дар маҷмуъ беш аз 900 нафар кор мекунанд, ки 600 нафари онҳо мутахассисони маҳаллӣ ва боқимонда шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Музди миёнаи кормандон ба 3200 сомонӣ баробар аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо технологияи коркард ва истеҳсоли тилло ба соҳибкорони ватанӣ барои истифодаи самараноки неъматҳои моддии кишвар дастуру ҳидоятҳо дод.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2003 бо мақсади пеш бурдани корҳои истеҳсолӣ Ҷамъияти масъулияти маҳдуди Покрӯд ташкил шуда буд. Тули даҳ сол, аз соли 2003 то 2013 барои корҳои ҷустуҷуӣ — геологӣ, ба анҷомрасонии корҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии партовгоҳ дар Покрӯд 49 миллион доллари амрикоӣ сарф карда шуд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи нав ва шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолии он дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳ ва шумораи зиёди фаъолони шаҳри Ваҳдат мулоқоти самимӣ доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ифтитоҳи корхонаи металлҳои ранга ва дигар иншооти муҳимро, ки имрӯз дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ба сокинон муборакбод гуфта, ба ҳамаи онҳо барои пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардани корхонаи металлҳои қиматбаҳо ва корхонаи ғанигардонии маъдан дар шаҳри Ваҳдатро аз ҷумлаи иқдомҳои созандае арзёбӣ кард, ки дар баробари тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, ҳамчунин дар масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ аҳаммияти назаррас доранд.




































Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд






