Ифтитоҳи мактаби замонавӣ барои 464 хонанда дар ноҳияи Шуғнон

Июнь 26, 2016 08:39

Душанбе, 26.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Роҳбарият ва сокинони ноҳияи Шуғнон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса, дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкорона сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон чун армуғони ҷашнӣ бо ифтитоҳи Мактаби наву замонавӣ барои 464 хонанда дар як баст оғоз ёфт.

Мактаби тахсилоти умумии миёна барои 464 хонанда, ки дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд ёфтааст, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ расман бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолият оғоз кард.

Корҳои бунёдӣ дар ин муассисаи нави таълимӣ моҳи июни соли 2015-ум оғоз гардида, он дар давоми як сол бо тарҳ ва услуби муосири меъморӣ аз ҷониби зиёда аз 140 нафар сохтмончӣ ба анҷом расидааст.

Сохтмони мактаб аз ҳисоби марҳилаи III-юми лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» муштарак бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд бо арзиши 1 миллиону 802 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда, он дорои муосиртарин шароити илмомӯзӣ мебошад.

Аснои боздид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти синфхонаҳо, ки ба низоми муосири таълим мутобиқ гардонида шудааст, шиносоӣ пайдо намуд.

Мактаби наву замонавӣ барои 464 ҷойи нишаст дар 1 баст пешбинӣ шуда, аз 24 синфхона, толори навбунёди варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст, китобхона бо 5 ҳазор нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 22 компютер, шабакаи доимии интернет, толори фарҳангӣ бо 170 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол, ҳамзамон барои такмили лаёқати хонандагон синфхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, синфхонаи коркарди чӯбу тахта, ошхонаи замонавӣ барои 120 нафар дар як вақт, баҳри таъмини сиҳатии доимӣ мактаб ҳамчунин аз утоқи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дандонпизишк ва утоқи духтури кӯдакону наврасон иборат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъолияти пурраи мактаб беш аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои босифат бароҳ мондани ҷараёни таълим ба устодону толибилмон маслиҳатҳои муфид дод.

Ин муассисаи таълимӣ дорои толори барҳавои варзишӣ мебошад, ки дар он машғулиятҳои гуногуни варзишӣ-солимгардонӣ ташкил карда мешаванд.

Дар ин рӯз дар толори бошукуҳи маҷлисӣ бо иштироки хонандагони ин муассисаи таълимӣ барномаи рангини ҳунарӣ муаррифӣ гардид.

Баъди ифтитоҳи бинои мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон сӯҳбати самимӣ намуда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд.

Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои шакли нав бояд боз ҳам афзоиш дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон ҳамеша тариқи марказҳои нави иттилоотӣ огоҳ гарданд.

Устодону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Июнь 26, 2016 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд