Ифтитоҳи пойгоҳи нави илмӣ-тадқиқотӣ дар ВМКБ
Хоруғ, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Ҷелондеҳи Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон пойгоҳи нави илмӣ-тадқиқотӣ расман дар ҳузури Президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ба фаъолият оғоз кард. Пойгоҳи мазкур дар баландии 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр, дар канори чашмаҳои шифобахш ҷойгир буда, вазъи тағйирёбии иқлим, таркиби хок ва олами набототу ҳайвонотро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор медиҳад. Таҷҳизоти муосири техникӣ ба олимон имкон медиҳад, ки розҳои нуҳуфтаи ин манотиқи баландкӯҳи кишварро кашф ва ба мутахассисон барои омӯзиш пешниҳод намоянд.
Ин пойгоҳ мутобиқ ба як қарордоди миёни академияҳои улуми ҶТ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд ёфта, ба худ мақоми байналмилалиро касб кардааст. Гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик ин пойгоҳ боз бо техникаи иловагӣ таҷҳизонида мешавад.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






