Ифтитоҳи пойгоҳи нави илмӣ-тадқиқотӣ дар ВМКБ

Июнь 30, 2016 17:00

Хоруғ, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи Ҷелондеҳи Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон пойгоҳи нави илмӣ-тадқиқотӣ расман дар ҳузури Президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ба фаъолият оғоз кард. Пойгоҳи мазкур дар баландии 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр, дар канори чашмаҳои шифобахш ҷойгир буда, вазъи тағйирёбии иқлим, таркиби хок ва олами набототу ҳайвонотро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор медиҳад. Таҷҳизоти муосири техникӣ ба олимон имкон медиҳад, ки розҳои нуҳуфтаи ин  манотиқи баландкӯҳи кишварро кашф ва ба мутахассисон барои омӯзиш пешниҳод намоянд.
Ин пойгоҳ мутобиқ ба як қарордоди миёни академияҳои улуми ҶТ ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд ёфта, ба худ мақоми байналмилалиро касб кардааст. Гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик ин пойгоҳ боз бо техникаи иловагӣ таҷҳизонида мешавад.

Июнь 30, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад