Ифтитоҳи Шуъбачаи минтақавии милитсия дар водии Бартанг
Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои барқарорсозӣ аз офатҳои табиӣ дар водии Бартанги ВМКБ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Шуъбачаи минтақавии милитсия кушода шуд. Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, Шуъбачаи минтақавии милитсияи Бартанг дуошёна буда, дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва 7 ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм ҷойи хоб барои 30 нафар кормандон, дорои тамоми шароити муосир мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин ба ин минтақа телефонҳои беноқил пайваст гардиданд, ки имкон медиҳад ҳам кормандон ва ҳам сокинон бо маркази вилоят, ноҳия, шаҳри Душанбе ва тамоми ҷумҳурӣ дар алоқа бошанд.
Аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба Шуъбачаи минтақавии милитсияи Бартанг 1 мошини «Нива» барои хизматрасонӣ ва сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан тақдим карда шуд.
Рамазон Раҳимзода сокинони деҳаи Сипонҷи водии Бартангро бо фарорасии Иди Ваҳдати миллӣ ва кушодашавии Шуъбачаи минтақавии милитсияи Бартанг табрик намуд. Зикр гардид, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамкории мардум бо милитсия нақши муассир дошта, онҳо бояд бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста дар робитаи зич қарор дошта бошанд, зеро чунин робита ва ҳамкорӣ метавонанд ба паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа мусоидат намоянд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






