Ифтитоҳи Шуъбачаи минтақавии милитсия дар водии Бартанг

Июнь 24, 2016 16:18

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои барқарорсозӣ аз офатҳои табиӣ дар водии Бартанги ВМКБ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Шуъбачаи минтақавии милитсия кушода шуд. Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, Шуъбачаи минтақавии милитсияи Бартанг дуошёна буда, дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва 7 ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм ҷойи хоб барои 30 нафар кормандон, дорои тамоми шароити муосир мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин ба ин минтақа телефонҳои беноқил пайваст гардиданд, ки имкон медиҳад ҳам кормандон ва ҳам сокинон бо маркази вилоят, ноҳия, шаҳри Душанбе ва тамоми ҷумҳурӣ дар алоқа бошанд.
Аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба Шуъбачаи минтақавии милитсияи Бартанг 1 мошини «Нива» барои хизматрасонӣ ва сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан тақдим карда шуд.
Рамазон Раҳимзода  сокинони деҳаи Сипонҷи водии Бартангро  бо фарорасии Иди Ваҳдати миллӣ ва кушодашавии Шуъбачаи минтақавии милитсияи Бартанг табрик намуд. Зикр гардид, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамкории мардум бо милитсия нақши муассир дошта, онҳо бояд бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста дар робитаи зич қарор дошта бошанд, зеро чунин робита ва ҳамкорӣ метавонанд ба паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа мусоидат намоянд.

Июнь 24, 2016 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад