Имтиёзҳо ба соҳибкорони ватанӣ

Июнь 1, 2016 15:47

Душанбе, 01.06.2016/АМИТ «Ховар»/.  Вакилони  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Ҳадафи он дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар ҷараёни идома ёфтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунии онҳо арзёбӣ мегардад.
Тибқи ин тағйирот бо мақсади  дастгирии  соҳибкорони воридкунандаи гандум ва коркарди минбаъдаи он,  муътадил нигоҳ доштани нархи орд дар бозори дохилӣ,  таъмини шаффофияти амалиёт оид ба маҳсулоти коркарди гандум на танҳо барои воридот  ва таҳвили гандум, инчунин барои фурӯши  маҳсулоти аз гандум коркардшуда , меъёри 10 фоизи андоз аз арзиши иловашуда татбиқ карда мешавад.
Инчунин ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда шуда, бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда муқаррар карда мешавад. Ҳадафи он коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани нахи пахта дар кишварамон мебошад. Инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Буҷети давлатӣ барои соли 2016 имтиёзҳои иловагиро барои воридоти  дарахтон, гулу буттаҳо ва гулҳои ороишӣ  аз хориҷи кишвар пешбинӣ менамояд.

Июнь 1, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид