Иштироки Пешвои миллат дар расми гузашти низомӣ дар шаҳри Хоруғ

Июнь 28, 2016 10:35

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғ расми гузашти низомӣ ва намоиши техикаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Дар оғоз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғро ба солгарди 19-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва содиқ мондан ба савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.

Дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Хоруғ ҳамзамон техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи туб ва дигар лавозимоти ҷангие, ки ҳайати ҷузъу томҳои ин гарнизон мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади назорату пурзӯр намудани минтақаҳои масъулиятноки кишвар дар хати якуми дифо сарҳадбонони тоҷик ва дар хати дуюми дифо бошад, қувваҳои асосии мудофиавӣ- ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, ки дар сурати таҳдиди хатар метавонанд ба душман зарбаҳои қатъи зананд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор карда шудааст ва дар ин муддат ҳамаи қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, имрӯз ба такиягоҳи пуриқтидори давлату миллат табдил ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, таъмини воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ ва муҳиммоти ҷангӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самараноки онҳо мунтазам чораҷӯӣ карда, аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат гусел намуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ, ки аз 25-ум то 28-уми июни соли равон сурат гирифт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ шинос шуд.

Ҳамзамон Сарвари давлат бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар иштирок намуд.

Июнь 28, 2016 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон