Истироҳатгоҳи «Чайка» кӯдакону наврасонро ба истироҳату фароғат фаро гирифт
Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар қатори дигар истироҳатгоҳҳо, истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Чайка» низ теъдоди муайяни кӯдакону наврасонро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истироҳату фароғат фаро гирифт.
Дар маросими кушодашавии басти аввал, ки бо иҷрои суруди миллӣ ва парафшон гардидани парчами давлатӣ шурӯъ гардид, намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва падару модарон иштирок намуданд. Истироҳаткунандагон бо қироати шеъру тарона дар васфи Ватан, ватанпарастӣ, ҳифзи марзу буми он, арзишҳои миллӣ, иҷрои саҳначаҳои тарбиявӣ ва рақсҳои зебо хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Тавре директори истироҳатгоҳ Нигина Ҷӯраева иброз намуд: «Дар истироҳатгоҳ барои истироҳату тадбирҳои варзишӣ ҳавзи шиноварии пӯшидаи замонавӣ сохта шудааст, ки барои насли наврас ҳангоми гармии офтоб хеле зарур ва имконпазир мебошад. Нуқтаи тиббӣ низ барои солимии кӯдакону наврасон фаъолият менамояд ва ҳамеша истироҳаткунандагонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. Китобхона бо адабиёти шоирони классику форс дар ихтиёри истироҳаткунандагон аст ва онҳо дар вақти холӣ метавонанд асарҳои бузургонро мутолиа кунанд».
Бояд зикр намуд, ки насли наврас ояндаи миллат аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо диққати лозимӣ равона мекунад.
Дар баробари илмомӯзӣ, ҳамчунин бо роҳбарии мураббии варзиш Пӯлодҷон Ахмедов бозиҳои варзишӣ, аз ҷумла волейбол, шоҳмот, тенниси рӯи миз, футболи хурд ва оббозӣ роҳандозӣ мешаванд.
Ба иттилои масъулин, дар мавсими имсолаи таътил тасмим аст, ки истироҳатгоҳ дар панҷ баст фаъолият намуда, наздик ба 1500 нафар кӯдакро ба истироҳат фаро гирад.
Феълан наздик ба 250 нафар наврас фароғати 12-рӯзаи худро дар истироҳатгоҳ оғоз намуда, дар ин давра барои истироҳати дурусти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Соли равон дар истироҳатгоҳ барои кӯдакону наврасон ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шудааст.
Истироҳатгоҳи фароғатии «Чайка» дар дараи хушманзараи Варзоб ҷойгир буда, табиати зебову рангин ва ҳавои тозаву форами ин мавзеъ ба фароғати наврасон мусоидат менамояд.


















Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






