Кӯдакон дар лагерҳои мактабии ноҳияи Файзобод ба истироҳат фаро гирифта шудаанд

Июнь 28, 2016 15:39

Душанбе, 28.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод давраи истироҳатии мактабиён идома дорад. Барои хушу хурсандона гузаронидани таътили тобистонаи кӯдакон майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ сохта шуда, кӯдакон дар онҳо ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Чанде қабл дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаи таълимии  №1 34 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоату бепарастор  давоми понздаҳ рӯз  таътили тобистонаи худро хурсандона гузарониданд.
Инчунин дар баробари истироҳати бофароғат кӯдакон имкон пайдо карданд, ки бо   мақсади  баланд бардорштани савияи  дониши худ  дар маҳфилҳои гуногуни фаннӣ ширкат намоянд. Ҳамчунин ба истироҳаткунандагон як дафъа  хӯроки гарм дода шуда, муаллимаҳо бо онҳо бо муомилаи хушу меҳрубонона муносбат намуданд.

Июнь 28, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд