Камол ба маҳбас афтод ва Зеваршо 6 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Июнь 8, 2016 12:01

Хоруғ, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи як амалиёти  ҳадафмандона кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди деҳаи Бунии ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, сокини ҳамин деҳа Мирзомамадов Камол Назармамадович ва шарики дигари ӯ Саъдоншоев Зеваршо Одинашоевичро ҳангоми доду гирифти маводи мухаддир бо шарикони афғони худ дар соҳили рӯдхонаи Панҷ дастгир намуданд. Ҳамагӣ ду сол қабл  Камолро  бо ҷурми хариду фурӯши маводи мухаддир ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд, аммо ӯ баъди аз маҳбас озод шудан боз даст ба кочоқи ин мавод зад. Вай борҳо ҳамроҳи Зеваршо маводи героинро аз Насрулло ном қочоқчии афғон  тавассути дарёи  Панҷ дастрас намуда, онро ба сокинони вилоят фурӯхта, бо ин роҳ на танҳо худ, балки дигар наврасону ҷавононро низ заҳролуд менамуд.
Нисбат ба Мирзомамадов Камол Назармамадович ва Саъдоншоев Зеваршо Одинашоевич аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва баъди ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шуданд. Дар натиҷа, Суди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аъмоли ғайриқонунии судшавандаҳоро ҳамаҷониба омӯхта, тибқи талаботи моддаҳои 32, 289, 201-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомамадов Камол Назармамадовичро ба муҳлати 8 солу 6 моҳ аз  озодӣ маҳрум намуда, ба Саъдоншоев Зеваршо  бо пардохт намудани ҷарима дар ҳаҷми 6 ҳазор  сомонӣ ҷазо таъйин намуд.

Июнь 8, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст