Конфронс: дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи Ваҳдати миллӣ таъсис дода шавад
Хоруғ, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар кори он олимони варзидаи кишвар ширкат варзиданд. Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимӣ аз нақши раҳбари кишвар дар таҳкими сулҳу субот, аз парокандашавӣ наҷот додани халқи тоҷик ва ҷалби мардум ба ободсозии Ватан ҳарф зада гуфт, ки ин ҳама корҳо басо душвор ва ба назари бисёриҳо дар он замон ғайримумкин буданд. Аммо талошу заҳматҳои шабонарўзӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа ба Сарвари давлати тозабунёд имкон доданд, ки таваҷҷуҳи мардумро аз танишҳои лафзӣ ва гилаву гузорҳои бемаънӣ ба роҳи бунёдкорию созандагӣ ва барқарор кардани иқтисоди фурўрафтаи ҷумҳурӣ равона созад.
Ногуфта намонад, ки аз ҳама бештар шаҳди ин ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро сокинони Бадахшон чашиданд. Агар Хоруғи имрўзаро бо Хоруғи 25 сол пеш муқоиса кунед, аз замин то осмон фарқ мекунад. Ё роҳҳои заминиро бигирем. Агар бигӯем, ки роҳ аслан вуҷуд надошт, хато намекунем. Роҳе, ки дар зарфи ним сол баста буд, оё онро роҳи иртиботӣ гуфтан ҷоиз аст? Ҳоло мардум дар вақти мувофиқ- чӣ фасли сармову чӣ гармо бемонеа дар ин роҳ рафтуомад доранд. Дар бобати тадқиқоти илмӣ низ вилоят иқтидори хуб дорад ва олимон алъон ба пажӯҳишҳои илмӣ дар ин самт машғуланд ва натиҷаҳои онро дар солҳои наздик хоҳем дид.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз рушди бонизоми соҳаи иқтисоду иҷтимоъ ҳарф зад ва изҳор намуд, ки бо кумаку дастгирии Пешвои миллат сол аз сол лар ин арсаҳо навгониҳои чашмгир ба назар мерасанд. Агар дар соли 2007 буҷаи хароҷоти вилоят 45 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медод, дар соли 2015 ин нишондиҳанда ба 207 миллиону 400 ҳазор сомонӣ расид.
Дар ҷараёни конфронс бештар аз 10 маърўза барои муҳокима пешниҳод шуданд. «Пешвои миллат ва раванди ваҳдатофаринии тоҷикон», «Ваҳдати миллӣ-таҷрибаи нодири ҷаҳони муосир», «Истиқлолияти сиёсӣ- таъмини пирӯзии миллат», «Ваҳдати миллӣ ва забони давлатӣ»,ки дар ҳар яке аз инҳо Сарвари давлат нақши калидӣ дошт.
Олимон пешниҳод намуданд, ки барои омӯзиши ҷараёни ташаккули ризояти миллӣ ва истиқрори сулҳ, ҳифзи музаффариятҳои Ваҳдати миллӣ дар кишвар Пажӯҳишгоҳи Ваҳдати миллӣ ва як осорхонаи вижа, ки дар он дастовардҳои ин падидаи муқаддаси миллат нигаҳдорӣ шаванд, таъсис дода шавад.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






