Конфронс: «Мақоми занон дар оинаи фарҳанги миллӣ»
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конфронси вилоятӣ таҳти унвони «Мақоми занон дар оинаи фарҳанги миллӣ»-ро баргузор намуд.
Конфронси мазкур таҳти сарварии муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва бо иштироки муовинони раиси шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷтимоиёт, собиқадорони меҳнат, намояндагони раёсатҳои корҳои дохилӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, маориф ва тандурустӣ гузаронида шуд.
Ба иштирокдорон оид ба пешгирии ҷиноят дар байни занон ва андешидани тадбирҳои муҳим маълумоти муфассал дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






