Конфронс: «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ»

Июнь 11, 2016 10:16

Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Бо  ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Конфронси  илмӣ-ҷумҳуриявии «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ»  бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ ва  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кори худ   шурўъ намуд.
Тавре аз маркази матбуоти АИ ҶТ ба мо хабар доданд, дар кори конфронс 35 нафар олимон ва донишмандони муассисаҳои Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ иштирок намуданд.
Президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ  оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сухан кард
Дар ҷаласаи пленарии конфронс Худобердӣ  Холиқназар — директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баротзода Файзулло,  директори Маркази исломшиносӣ дар  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кароматулло Олимов,  ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Муҳаммад,  директории  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови   Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон маърўзаҳои илмӣ  намуда, нақши таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкиму суботи Ваҳдати миллӣ баррасӣ намуданд.

Июнь 11, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид