Кўдакону наврасон ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон тобистони соли равон дар 6 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1550 лагери наздимактабӣ ва таълимӣ-фароғатӣ, 351 меҳнатӣ-истироҳатӣ ва 264 истироҳатгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ шумораи 182 196 нафар кўдакону наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.
Тибқи нақша соли равон аксарияти кўдакону наврасони вилоят дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Шифобахш»-и ноҳияи Вахш, «Шарора»-и ноҳияи Муъминобод, «Чайка» ва «Обшорон»-и ноҳияи Варзоб, «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав, «Чангоб»-и шаҳри Ҳисор ва «20 — солагии истиқлолият»-и вилояти Суғд ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Пешниҳоди Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар бораи бунёд намудани истироҳатгоҳи кўдакону наврасон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷонибдорӣ карда шуда, масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои ин мақсад дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар назди 79 таълимгоҳ барои 3100 нафар, 22 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ барои 1927 нафар ва 5 лагери шабонарўзӣ аз ҳисоби хазинаи Оғохон барои 1500 нафар ва 1 лагери наздимактабӣ барои 320 нафар кўдакон дар 3-4 баст баҳри истироҳату солимгардонии хонандагон ташкил карда шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






