Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Рӯдакӣ бо мактаббачагон машқҳои пешгирӣ аз ғарқшавӣ гузаронид

Июнь 8, 2016 14:59

Душанбе, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти  байналхалқии «Международное добрососедство» чорабинии пешгирии ғарқшавиро дар ноҳияи Рӯдакӣ  баргузор намуд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 60  нафар хонандагон аз макотиби ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ оварда шуда, ба онҳо тарзи дурусти оббозӣ ва  расонидани ёрии аввалин ба нафарони ғарқшуда омӯзонида шуд.
Ба иттилои полковник Хуршед Гадоев, сардори Раёсати тайёрии омӯзиши аҳолӣ ва баҳисобгирии меъёрҳои ғайриҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба гармшавии ҳаво имсол нисбат ба соли гузашта шумораи ғарқшудагон дар ҳоли афзоиш мебошад.
Баргузории чорабинии пешгирии ғарқшавӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюм буда,  баргузории марҳилаҳои оянда низ ба нақша гирифта шудааст.

Июнь 8, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид