Лоиҳаи Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав қабул гардид

Июнь 9, 2016 15:50

Душанбе, 09.06.2016/АМИТ «Ховар»/.  «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ сол аз сол меафзояд, ки яке аз сабабҳои он аз тарафи баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудани қабули шаҳрвандон  ва беэътиноӣ нисбат ба арзу шикоятҳои онҳо мебошад. Ин матлабро Валӣ Ваҳҳобов, муовини Прокурори генералии ҷумҳурӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки имрӯз аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид, зикр намуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, ки дар таҳрири нав қабул шуд, тӯли чор моҳ дар Парлумони  кишвар муҳокима гардид. Лоиҳаи қонун дар тарҳи нав бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби чор вакили Маҷлиси  намояндагон таҳия ва пешниҳод гардида, он қонунгузориро дар масъалаи сиёсати идоракунии давлатӣ таҳким мебахшад. Самти  асосиаш барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст. Қонуни мазкур аз муқаддима, 5 боб ва 27 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартибу муҳлати баррасии онҳоро дар бар мегирад.
Назар ба андешаи яке аз муаллифони ин тарҳи қонун  вакил Мавлуда Қаландарзода,   лоиҳаи нав аз қонуни амалкунанда бо як қатор меъёрҳои нав фарқ мекунад. Аз ҷумла, доираи амали қонун васеъ гардида, дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқӣ низ ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд. Инчунин дар лоиҳаи  қонун уҳдадории баррасии ҳатмии муроҷиатҳои электронӣ ва талабот нисбат ба ин муроҷиат муқаррар карда шудааст. Мафҳумҳои асосӣ дар лоиҳаи қонун  такмил дода шуда, мазмуни  ариза, таклиф, дархост, шикоят, муроҷиаткунанда, муроҷиатҳои электронӣ, шифоҳӣ, муроҷиат тавассути ВАО, муроҷиати такрорӣ,   шахсони баррасикунандаи муроҷиат, китоби арзу шикоятҳо шарҳ дода шудаанд. Инчунин дар лоиҳаи қонун нисбат ба шаклҳои муроҷиат талабот гузошта шуда,  риоя нагардидани он оқибатҳои ҳукуқиро пешбинӣ менамояд. Манъ будани маҳдудкунии муроҷиат, ҳуқуқ ба муроҷиатҳо тавассути телефон,  тартиби қабул,бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳои алоҳида, асосҳои бебаррасӣ мондани муроҷиатҳо меъёрҳои нави қонунанд.
Таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ самти қонун баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар ва дар ин замина эъмори ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шуда, дар таҳияи он таҷрибаи қонунгузории кишварҳои хориҷӣ омӯхта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки қонуни амалкунанда, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ном дорад, ҳанӯз соли 1996 қабул гардидааст.
Аз ин рӯ, қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар таҳрири нав талаботи рӯзафзуни ҷомеа ва равандҳои рушди давлатдорист.

Июнь 9, 2016 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад