М. Сафолзода: «Ояндаи суботи сиёсии Тоҷикистон дар ҳифз намудани Ваҳдат аст»

Июнь 15, 2016 17:20

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар/. «Дар замони муосир, ки тавозуни комил миёни кишварҳо халал ёфта, бархурди манфиатҳои геополитикӣ-геостратегии абарқудратҳо авҷи бештар мегирад, ба назар мерасад, ки ягон миллат ва ё давлат аз хатари бесуботӣ дар амон буда наметавонад. Дар чунин шароит ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад, барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас буда, ҷойгоҳи хосса дорад»,- чунин мегӯяд Муҳаммадӣ Сафолзода – муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда зимни конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Омилҳои асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ дар шароити муосир: вазъ ва дурнамо» маърӯза карда, изҳор кард, ки нахустин қадам ба сӯи сулҳи тоҷикон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
«Маҳз Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози 16-ум, ки дар Хуҷанд баргузор гардида, ҳукумати конститутсиониро дар Тоҷикистон барқарор кард, нахустқадам дар расидан ба сулҳи тоҷикон дониста мешавад, зеро бо баробари интихоб шудан ба мансаби Раиси Шӯрои Олӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои манъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ, дастрасӣ ба сулҳу субот ва баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ташаббуси наҷиб нишон дода, қавл дода буд, ки: «То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, ман ором буда наметавонам». Имрӯз бо гузашти зиёда аз ду даҳсола қурбу қимати он суханони Пешвои миллат боз ҳам бештар арзиши таърихӣ касб кардаанд. Бубинед, ки ҳоло бар асари ҷангҳои шадид дар кишварҳои Ховари Миёна аз 1,5 то 4 миллион одамон ҳамчун гуреза рӯ ба кишварҳои Аврупо овардаанд.
«Мавҷи муҳоҷирони осиёӣ Аврупои пешрафтаро ба мушкилоти азими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва сиёсӣ гирифтор кардааст. Акнун дар муқоиса ба ин вазъ тасаввур намоед, ки Тоҷикистон бо он имконоти маҳдуди солҳои 1993-1995 тавонист ба танҳоӣ беш аз 1 миллион гурезаро ба Ватан баргардонад. Бинобар ҳамин метавон эътироф кард, ки на танҳо сулҳи тоҷикон ҳамто надорад, ҳамчунин раванди баргардонидани гурезаҳо ба Тоҷикистон низ беназир мебошад, — таъкид кард М.Сафолзода.
Нахустин музокирот оид ба сулҳ бо мухолифин маҳз бо ташаббусу ташвиқ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат 5-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав оғоз гардида, се солу се моҳ идома ёфт. Дар давоми се солу се моҳ 8 даври гуфтушунид, 6 мулоқоти сарон ва 21 музокирот сурат гирифтанд, ки натиҷаи ин ҳама ба имзорасии 40 санади муҳими тақдирсоз мебошад. «Тӯли се солу се моҳ музокирот барои расидан ба сулҳ ба чандин монеаву саддҳо дучор омад. Вале бо шарофати иқдоми қатъии Сарвари мамлакат ин музокирот идома дода мешуданд. Аз ҷумла, мешавад аз даври 5-уми музокирот ёдоварӣ намуд, ки он 75 рӯз идома кард. Дар таърихи дипломатияи музокироти сулҳ то ҳол чунин гуфтушуниди тӯлонӣ ба қайд гирифта нашудааст»,- гуфт М.Сафолзода. Ин ҳолат баёнгари он аст, ки ҷониби ҳукумат таҳаммулро пеш гирифта, ҳамаи дархостҳоро пазируфтанд ва ба истиқболи ҳамватанон рафтанд.
Ба андешаи М.Сафолзода, замоне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ»-ро ба имзо расонид, Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ ва ҳалокат раҳо ёфт, ба миллати куҳанбунёди тоҷик рӯҳу илҳоми тоза ба зиндагии осоиштаву ободкорона бахшида шуд. Санади мазкур ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати тоҷик бо заковати азалӣ ва тамаддуну фарҳанги бостонӣ Ватанро муҳимтарин муқаддасоти худ дониста, барои якпорчагии он аз тамоми имконот истифода мебарад.
Бо баимзорасии Созишномаи сулҳ роҳбарияти давлат ва ҳукумати Тоҷикистон шароит ва имконот пайдо намуд, ки масири бозсозии иқтисодии кишварро пеш гирифта, барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба мамлакат қарору қонунҳои зарурӣ қабул намояд. Дар ин маврид метавон аз дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд, ки тавассути ҳамкорӣ дар Тоҷикистон силсилаи иншооте сохта шудаанд, ки барои бозсозии иқтисодӣ-иҷтимоӣ-сиёсии кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Аз ҷумлаи ин иншоот нақбҳои «Истиқлол», «Дӯстӣ», «Шаршар», «Шаҳристон», роҳи оҳани «Қурғонтеппа-Кӯлоб»,  неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», роҳи мошингарди Зиғар-Қаълаихумб ва дигарро метавон номбар кард. Дар ҳафт соли пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 11 миллиард сомонӣ сармоя ворид карда шуд, ки мувофиқ ба аудити  ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамаи ин маблағҳо барои бозсозии роҳҳо, рушди соҳаи энергетика, алоқа, бунёди нақбҳо сарф гардидаанд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи даҳ кишвари рӯ ба ислоҳот оварда дониста шудааст.
Албатта, дар расидан ба сулҳи тоҷикон саҳми СММ, кишварҳои Русия, Афғонистон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон шоиставу арзанда аст,- зикр кард М. Сафолзода ва илова кард, ки: «Модели сулҳофарии тоҷикӣ айни замон назир надорад ва метавонад дар ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат истифода шавад. Бо зиёд шудани муноқишаҳо ва ҷангҳои гуногун таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи бештар аз пештар касб мекунад». Дар ин маврид гуфтаҳои собиқ муншии СММ Кофи Аннан: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон овардаанд» зевари ҳамаи баҳогузориҳо буда метавонад.
Ҳодисаҳои дар як қатор кишварҳои Ховари Миёна ба амал омада моро водор месозанд, ки бори дигар ба суханони Пешвои миллат таваҷҷуҳ намоем, ки гуфта буд: «Мо набояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳем, зеро мо дар асри ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия зиндагӣ мекунем, ки дар ин шароит бо назардошти рушди илму технологияҳои умумибашарӣ таъсири фарҳангу тамаддунҳои бегона ба ҷомеаи мо ва бахусус, ба насли ҷавон хеле шадид аст. Ин раванд ба мафкураи ҷавонон таъсири бағоят азим расонида, дар тафаккуру мафкураи онҳо унсурҳои бегонаро тарбия мекунад, ки барои худшиносии миллии ҷавонони мо ва Ваҳдати миллӣ зарари хеле калон дорад» ҷиддӣ қабул карда, Ваҳдати миллат ва Истиқлолияти давлатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем», — хулосабарорӣ кард М. Сафолзода.

Июнь 15, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад