Маҳаллаи «Ҷавонон» дар Конибодом беҳтарин дониста шуд

Июнь 9, 2016 11:39

Душанбе, 09.06.16. /АМИТ «Ховар /.Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 Ҷамоати деҳоти шаҳри Конибодом мусобиқаи шаҳрии оилаи намунавӣ ва хонаи намунавӣ гузаронида шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар мусобиқа сокинони шаҳр ва кумитаҳои маҳаллӣ, деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳот фаъолона  ширкат варзиданд.
Дар мусобиқаи «Оилаи намунавӣ» оилаи Кимсановҳо аз Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дуюм сазовори оилаи Шукуровҳо аз Ҷамоати деҳоти Пӯлодон ва ҷойи сеюм насиби оилаи Холматовҳо аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид.
Дар мусобиқаи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Ҷавонон» сазовори мақоми аввал гардид.
«Деҳаи беҳтарин» деҳаи Диловарони Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов дониста шуд.

Июнь 9, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад