Маросими истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Июнь 26, 2016 07:37

Душанбе, 26.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шахри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо садоқату муҳаббати бепоён, самимияту ифтихори бузург пазироӣ намуданд.

Нахуст меҳмони олимақом, Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомали Рахмонро аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат бо шукргузории бепоён аз сиёсати бунёдкоронаю созанда ва ободии пай дар пайи ин гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Шумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно бо садои доирабазми суннатии мардуми кӯҳистон ва гулу гулдаста ба пешвози Пешвои миллат омаданд. Ҳар як сухани ин мардум аз ваҳдат буд ва якдиливу якмаромиро месуруд.

Ҳар як қадами мубораки Эмомалӣ Рахмон, ки Пешвои ин асру ин замон аст, дар ободиву шукуфоии Хоруғи зебо имконияти нави рушду нумуъро фароҳам оварда, бо ҳидоятҳои ин фарзанди огоҳдил Хоруғ ба «Нигини Бадахшон» табдил ёфта, «Асри 21 асри Бадахшон» ном гирифтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат, ки худ ифодаи иродаи ин мардуми кӯҳистон буд, бори нахуст ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадам ранҷа менамояд ва хоруғиён хуб дарк менамоянд, ки аз сафари нахустини Сарвари давлат ба шаҳри Хоруғ то сафари нахустини ӯ ҳамчун Пешвои миллат ба ин шаҳр, даҳҳо маротиба сатҳи зиндагии мардум боло рафта, Бадахшон ба «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» табдил ёфтааст.

Дар пайи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз даҳҳо шоҳкориҳо — санги асос гузоштан ба иншооти муҳим, шиносоӣ пайдо намудан бо пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамзамон мулоқот бо мардуми ин минтақа дар назар дошта шудааст.

Июнь 26, 2016 07:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд