Машғулиятҳои амалӣ оид ба ҳалли корҳои амалӣ аз фанни графика

Июнь 18, 2016 11:26

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Китоби дарсии устодони факултети санъати тасвирӣ ва технологияи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сайфулло Турсунов ва Мурод Қӯзиев таҳти унвони «Машғулиятҳои амалӣ оид ба ҳалли корҳои амалӣ аз фанни графика» аз тариқи матбааи «Нури маърифат» аз чоп баромад.
Дастур барои донишҷӯёни ғоибхони ихтисоси технология, системаи идоракунии автоматӣ ва дигар ихтисосҳои дорои равияи техникӣ пешниҳод карда шудааст.
Ба воситаи ин дастури таълимӣ донишҷӯён дар дарсҳои нақша бо асосҳои назариявии сохтани тасвирҳои гуногун, алалхусус бо қоидаҳои кашидан ва тартиб додану хондани (фаҳмидани) нақшаҳо шинос мешаванд. Тарзҳои бо афзору асбобҳои нақшакашӣ кор карданро ёд мегиранд, усулҳои бо даст (бе афзор) иҷро кардани нақшаҳоро аз худ мекунанд. Хондану сохтани нақшаҳо тасаввуроти фазоии шуморо инкишоф медиҳад,  ба муқоиса кардани шаклҳои гуногун ва тасвирҳои онҳоро хондан кумак мерасонанд.
Ғайр аз ин, нақшакашӣ ба мустақилу дақиқкор шудан ва инкишофи тафаккури техникии онҳо мусоидат менамояд.

Июнь 18, 2016 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд