Машғулиятҳои амалӣ оид ба ҳалли корҳои амалӣ аз фанни графика
Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Китоби дарсии устодони факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сайфулло Турсунов ва Мурод Қӯзиев таҳти унвони «Машғулиятҳои амалӣ оид ба ҳалли корҳои амалӣ аз фанни графика» аз тариқи матбааи «Нури маърифат» аз чоп баромад.
Дастур барои донишҷӯёни ғоибхони ихтисоси технология, системаи идоракунии автоматӣ ва дигар ихтисосҳои дорои равияи техникӣ пешниҳод карда шудааст.
Ба воситаи ин дастури таълимӣ донишҷӯён дар дарсҳои нақша бо асосҳои назариявии сохтани тасвирҳои гуногун, алалхусус бо қоидаҳои кашидан ва тартиб додану хондани (фаҳмидани) нақшаҳо шинос мешаванд. Тарзҳои бо афзору асбобҳои нақшакашӣ кор карданро ёд мегиранд, усулҳои бо даст (бе афзор) иҷро кардани нақшаҳоро аз худ мекунанд. Хондану сохтани нақшаҳо тасаввуроти фазоии шуморо инкишоф медиҳад, ба муқоиса кардани шаклҳои гуногун ва тасвирҳои онҳоро хондан кумак мерасонанд.
Ғайр аз ин, нақшакашӣ ба мустақилу дақиқкор шудан ва инкишофи тафаккури техникии онҳо мусоидат менамояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






