Моҳидорони Бадахшон соҳиби мошини моҳикашонӣ шуданд
Хоруғ, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти кишвар Ассотсиатсияи моҳипарварони ВМКБ соҳиби мошини махсуси моҳикашонӣ (рефрижератор) гардид. Ба гуфтаи раиси ин ассотсиатсия Мунири Ҳабиб, ҳарчанд дар вилояти Бадахшон кӯлҳои зиёди табиии дорои моҳиҳои мухталиф мавҷуданд, аммо дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ёфтани гӯшти моҳӣ амри маҳол аст. Далели ин омилро моҳидорони вилоят ба набуди мошини махсуси моҳикашонӣ марбут медонанд, зеро аксари ин кӯлҳо, ба мисли Зоркӯл, Булункӯл, Друмкӯл, Яшикул, дар масофаи аз 150 то 300 километр дурр аз маркази вилоят мавқеъ доранд ва то ба бозор интиқол додан моҳӣ сифати худро комилан аз даст медиҳад.
«Аз ин рӯ, соли гузашта дар мулоқоти Президенти кишвар бо сокинони шаҳри Хоруғ ин мушкили моҳипарварон дар миён гузошта шуд ва ин масъала дар фурсати кӯтоҳ ҳалли худро пайдо кард.
Аз ин рӯ, сипоси бепоёни ҳамаи моҳипарварони вилоятро ба раҳбари давлат мерасонам ва ваъда медиҳем, ки минбаъд камбуди гӯшти моҳиро дар бозорҳои вилоят аз байн мебарем»,-таъкид кард Мунири Ҳабиб.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






