Муаррифии китоби «Баёзи Шашмақом» дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муаррифии китоби «Баёзи Шашмақом» бо иштироки шоирону нависандагон, олимону адибон, шашмақомхонон ва аҳли фарҳанги кишвар доир гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти АИ ҶТ хабар доданд, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки соли 2000 бо Фармони таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумӯи санъати волои Шашмақом шароит ва имкониятҳои бузург фароҳам оварда шуд.
Мусиқии Шашмақом дар тӯли зиёда аз ҳазор соли рушду такомули хеш ҳамеша бо шеъри классикии тоҷику форс пайвандӣ дошт ва дар ҳар марҳалаи навпардозии хеш қабл аз ҳама, аз дастовардҳои шоирони бузургамон истифода мекард. Ғазал, тарона, мухаммас, мустазод, рубоӣ ва байтҳо, ки аз ҷониби сухансароёни замон эҷод карда мешуданд, ки фавран тавассути илмҳои хоса ва ҳунари танбӯриёну муғанниён вориди сохтори Шашмақом мегардиданд.
Ҳунари шашмақом аз қадимулайём дар минтақаҳои мухталифи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик тағиб гардида буд ва устодони мақомхони тоҷик ин падидаи нодирро ба Хоразму Чин, Ироқу Мағриб интиқол доданд. Аммо бояд бо ифтихор эътироф намуд, ки асри тиллоии санъати Шашмақом маҳз ба замони Истиқлоли Тоҷикистон ватани аслии ин ҳунар ва сарзамини офаридгорони он тааллуқ дорад.
Сарояндагони мақомҳо зимни ин амал кӯшиш менамуданд, ки беҳтарин намунаҳои назми замонашонро ба оҳанг дароварда, пешкаши али адабу ҳунар созанд. Ин аст, ки аз замонҳои қадим то охирҳои асри 19 анъанаи мураттаб намудани дафтарҳои махсуси шеър барои сарояндагон ё худ «Баёзҳои Шашмақом» васеъ маъмул гардида буд. Имрӯз дар хазинаи дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз бисту панҷ номгӯй баёз ва рисолаи вобаста ба Шашмақом маҳфузанд, ки бештари онҳо таҳқиқ ва нашр шудаанд.
Сипас, Кароматулло Олимов, Аслиддин Низомӣ, Саидқул Билолов ва Алии Муҳаммадӣ Хуросонӣ оид ба таърихи пурғановати Шашмақом сухан гуфта, иброз доштанд, ки китоби интишоршуда армуғони хубест барои дӯстдорон ва мухлисони Шашмақом.
Лозим ба тазаккур аст, ки китоби мазкур бо ибтикор ва зери назари президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва қарори Шӯрои илмии табъу нашри Академияи илмҳо аз тариқи нашриёти «Дониш»и АИ ҶТ бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромад.
Муҳаррирони китоби мазкур Алии Муҳаммадӣ Хуросонӣ, Аслиддин Низомӣ, Маҳмадёри Шариф ва муҳаррирони он Кароматулло Олимов ва Абдунабӣ Сатторзода мебошанд.
Бо ашъори тозаи шоирони классик ва муосири тоҷик оро додани маҷмӯаи нав зери унвони «Баёзи Шашамақом» имкон медиҳад, ки минбаъд таҳти навоҳои мусиқии асили аҷдодонамон ва ғазалу таронаҳои дилнавози он садои меҳри беандоза ва ватани соҳибистиқлоламон ва ифтихори миллӣ танинандоз гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






