Мулоқоти Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев дар Москва
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо даъвати Котиби Шўрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев 8-9 июни соли 2016 бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқоти дуҷониба А. Қаҳҳоров ва Н. Патрушев масъалаҳои вобаста ба таъмини амният, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, мубодилаи иттилоот, такмил ва рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳошияи ин вохўрӣ, инчунин мулоқоти коршиносони шўроҳои амнияти ду кишвар баргузор гардид, ки дар он сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, ки ба ҳолати амнияти миллӣ таъсир мерасонанд, масъалаҳои вобаста ба ҷалби шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ дар низоъҳои мусаллаҳона аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва бозгашти онҳо ба ватан, ҳолат ва дурнамои ҳамкорињои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, аз ҷумла бо мақсади муқовимат ба таҳдидҳои аз қаламрави Афғонистон бароянда, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






