Мулоқоти Далай-лама XIV бо Барак Обама
Душанбе, 20.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман хостори истиқлолияти Тибет нестам ва умедворам, ки гуфтушунид миёни намояндагони он ва ҳукумати Чин барқарор мешавад», — изҳор дошт Далай-лама дар мулоқот бо президенти ИМА Барак Обама.
Бино ба иттилои Кохи Сафед, зимни мулоқот ҳар ду ҷониб масъалаи вазъи тибетиҳоро дар Чин муҳокима намудаанд.
Б. Обама нигоҳдории анъанаҳои пурарзиши динӣ, фарҳангӣ ва забонии Тибетро қатъиян ҷонибдорӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқи тибетиҳоро дар Чин муҳим шуморид. Ӯ ҳамчунин ба ҷонибдории Далай-лама ба сулҳ ва инкори хушунат баҳои баланд дод.
Президенти ИМА ба муколамаи созанда ва мустақим миёни Далай-лама ва намояндагони он бо ҳукумати Чин ба хотири коҳиш додани ташаннуҷ ва ҳал намудани нофаҳмиҳо даъват намуд. Дар ин росто, Б. Обама бори дигар мавқеи ИМА-ро баён дошта, зикр кард, ки ИМА Тибетро ҳамчун ҷузъи ҳудуди Чин меҳисобад ва истиқлолияти онро пуштибонӣ намекунад.
Дар навбати худ, Далай-лама изҳор дошт, ки ӯ хостори истиқлолияти Тибет нест ва умедвор аст гуфтушунид миёни намояндагони он ва ҳукумати Чин барқарор мешавад. Президенти ИМА Барак Обама ва Далай-лама ҳамчунин оид ба муҳимияти муносибатҳои созанда ва самарабахши ИМА ва Чин ба созиш расиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






