Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Котиби генералии СУТ Толиб Рифоӣ
Душанбе, 9.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ мулоқот кард.
Дар вохўрӣ масоили рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин созмони ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Толиб Рифоӣ аз рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусан соҳаи сайёҳӣ изҳори хушнудӣ карда, изҳор дошт: «Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мақоми шоиста ва ҳамчун кишвари афсонавии сайёҳӣ дар дили роҳбарияти созмон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад»
Тавре таъкид гардид, дар солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти сатҳи олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидани соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои шоиста анҷом дода шуда, дар ҳамин замина нишондиҳандаҳои рушди соҳа батадриҷ боло рафтаанд.
Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати муаррифии бештари имконоти сайёҳӣ дар соли 2017 баргузории як конфронси байналимлалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шавад.
Хотиррасон бояд кард, ки соли 2017 дар қаламрави сайёра Соли байналмилалии туризм эълон шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






